Дарсҳои омӯзишӣ барои аҳолии чанд ҷамоати ноҳияи Варзоб
Чоп шуд: 26/09/2017 | admin
Комиссияи созмондодашуда аз ҷумлаи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқшуда оид ба омӯзиши аҳолии як қатор ноҳияҳое, ки дар ҷойҳои эҳтимолии хатари офатҳои табиӣ ҷойгиранд, ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад.
Чунончӣ, гуруҳи корӣ дар тӯли ду рӯзи охир дар ҷамоатҳои деҳоти «Зиддӣ», «Панҷхок»,«Деҳмалик», «Такоб», «Сафедорак» ва «Роғ»-и ноҳияи Варзоб бо мардум мулоқотҳо баргузор кард.