Илм ва фанноварӣ

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам (Бахши аввал)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар...

Ёде аз таърих. Заминларза дар Кобе, 1995

Яке аз бузургтарин заминларзаҳо дар таърихи Ҷопон аст, ки 17 январи соли 1995, соати 05:46 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст. Шиддати он тибқи ҷадвали Рихтер 7,3 балл будааст. Бино ба омори расмӣ дар ин зилзила 6 434 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ПАЁМАДҲОИ ОН: хароб шудани 200 ҳазор бино, 1 км роҳи зудҳаракат дар Ҳансин, вайрону валангор шудани 120...

Заминларзаи бузурги Чин. Имрӯз ба ин рӯйдоди мудҳиш 465 сол пур шуд

465 сол пеш аз ин дар чунин рӯзе дар қаламрави имрӯзаи Чин заминларзаи шадид ҷони бештар аз 830 ҳазор нафарро гирифт. Сарчашмаҳои хаттии то замони мо расида онро яке аз бузургтарин ва пурқурбонитарнин заминларза дар таърихи башар номидаанд.

23 январи соли 1556 дар вилояти Шэнсии Чин мудҳиштарин заминларза ба вуқуъ пайваст, ки тахминан 830 00 нафар...

Илм ва фанноварӣ. Ёде аз таърихи мошинҳои барфрӯбӣ дар рӯзҳои сарди зимистон

Имрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Алоҳазрат роҳзани баҳрӣ. Фрэнсис Дрейк (солҳои 1545-1596)

13    декабри соли 1577 дар бандари Плимути Англия панҷ киштӣ бодбонҳои худро боло карданд ва истгоҳи онҳо Алексндрия эълон шуд, вале бо ин ҳам кам касонро метавонистанд бифиребанд, чун ба ин киштиҳо Фрэнсис Дрейк, ки то кунун бо чанд ҳамлаву амалиёти мувафақонаааш ба қитъаҳои зери тасарруфи испониҳо ном бароварда буд, сарварӣ мекард.  Мухтасар дар бораи Фрэнсис Дрейк:

Страницы