Илм ва фанноварӣ

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Кашфи дарёи бузурги Амазон. Франсиско де Ореляна (солҳои 1512-1546)

24 июн испониҳо дар ҷустуҷӯи ғизо ба рустои навбатӣ рафтанд ва ҳиндуҳоро диданд, ки истеҳкомҳои худро сахт ҳимоя мекарданд ва он чӣ барои аврупоиён ҷолиб буд, ки тавре Карвахал менависад, ин рустоҳоро занони қоматбаланду пурқуввати ранги пӯсташон сафед дифоъ мекарданд. Онҳо бо тани нимбараҳна, дар даст камонғӯла ва гурз ба ҳадде пурҷасорат меҷангиданд, ки мардони ҳинду пушт ба душман гардонида наметаво...

Тағйири иқлим: Афзоиши анкабутҳо ва морҳои заҳрдору газанда дар баъзе минтақаҳои Русия

Дар вилояти Ростови Русия шумори анкабутҳо ва морони заҳрдор афзудааст. Мутахассисон инро ба тағйири иқлим рабт медиҳанд ва мегӯянд гарм шудани иқлими сайёра боиси он шудааст, ки ҳатто хазандагон ҳам маконҳои будубоши худ ва ҷуғрофиёи ҳузурашонро васеъ кунанд. Аз ин пештар анкабутҳои заҳрдор танҳо дар марзҳои Қалмиқ ва соҳилҳои халиҷи Таганрог дида мешудаанд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. ИСТИЛОИ ПЕРУ. Фоҷеаи кашшфои Перу Франсиско Пизорро. Бахши охир

Дар сафарҳои солҳои 1532—1535 испониҳо кишварҳое, ки имрӯз бо номҳои Перу, Эквадор ва Колумбия ёд мешаванд, ишғол намуданд.  Бо фармони шоҳ ҳамаи ин қаламрави ишғолӣ ба ихтиёри Пизорро супурда шуда, худи вай соҳиби унвони маркиз гардид. Алмагро губернатори ҳанӯз ишғолнашудаи Чили таъин гардид. Бо мақсади забти он 3 июли соли 1535 Алмагро аз Куско хориҷи шуд ва дар имтидоди соҳилҳои ғарбии бузургтарин кӯли баландкӯҳ дар Амрикои Ҷанубӣ Титикака равон ишуд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. ИСТИЛОИ ПЕРУ. Шикасти империяи бузурги инкҳо. Фоҷеаи кашшофи Перу Франсиско Пизорро. Бахши аввал

Тиллои Перу ба касе шодӣ наёвард, тиллокобон, онҳое, ки ба ивази сармояҳои беҳадду марз ҳазорон ҳиндуро қатли ому бехонаву дар карда буданд, билохира худ аз дасти ҳамдигар кушта шуданд. 

Империяи Бузурги инкҳо.

***   ***   ***

ПАЖӮҲИШ. КОВИД-19: Ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвон. Хуффош, забод, панголин ва ҳоло вашақ

Аз замони оғози ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 қариб ҳамеша ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвонҳо будааст. Яъне ин вирус аз кадом ҳайвоне гузашта ва аз одамон ба одамони дигар, ҳамин тавр паҳн шудааст. Бори аввал хуффош сабабгори паҳн шудани ин беморӣ эълон шуд ва таҳқиқотҳои густардае ҳам дар ин замина сурат гиифтанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ, дар айни авҷи вируси корона дар Чин ва густариши он ба

Страницы