Коронавирус nCov

Болотарин марг аз Covid-19 дар Русия. 74 ҳазору 893 нафар дар як моҳ

Моҳи октябри соли равон дар Русия бар асари гирифторӣ ба Covid-19 74 ҳазору 893 нафар фавтидаанд. Бино ба омори Росстат ин болотарин мизоми марг аз ин беморӣ аз замони оғози ҳамагирӣ аст. Моҳи сентябр дар ин кишвар аз Covid-19 44 721 нафар ҷон бохта буданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар Русия аз оғози ҳамагирӣ аз Covid-19 бештар аз 530 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

ОМИКРОН – Штамми нави коронавирус. Дар бораи он чӣ медонем?

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз эҳтимоли авҷи штамми нави коронавирус бо номи Омикрон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки гунаи нави вирус ба шиддат дар ҳоли афзоиш ва густариш аст ва он метавонад мушкилоти тозае барои кишварҳо ба бор оварад.

“Омикрон” коронавирусест, ки ахиран дар Ҷумҳурии...

COVID-19: Эътирози аврупоиён ба эълони маҳдудиятҳои нав ва ваксинаи иҷборӣ

Бино ба гузориши Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то 22 ноябри соли ҷорӣ дар олам 257 миллиону 806 ҳазору 835 нафар ба COVID-19 сироят шуданд ва аз ин беморӣ то кунун дар саросари олам 5 миллиону 167 ҳазору 497 нафар ҷон бохтанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия се кишваре мебошанд, ки шумори зиёди гирифторон доранд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 36 970 нафар чун мубталои...

Covid-19: Рекорди нави сироят дар Олмон аз замони пандемия

Рӯзи 16 ноябри соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба Covid-19 дар оламро 254 миллиону 455 ҳазору 330 нафар эълон кард. Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ ба 5 миллиону 120 ҳазору 444 нафар расидааст. 231 миллиону 225 ҳазору 598 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Дар Австрия аз сабаби нарасидани ваксина 2 миллион...

Covid-19: Фавти 1 ҳазору 211 нафар дар Русия дар як шабонарӯз. Дар Тоҷикистон боз ду мубталои нав сабт шуд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 251 миллиону 497 ҳазору 710 ва фавтидагон ба 5 миллиону 078 ҳазору 254 нафар расидааст. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар олам то ба имрӯз 7,2 миллиард нафар худро зидди Covid-19 эм кардаанд, ки ин 40% сокинони сайёраро ташкил медиҳад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия аз Covid-19 1 ҳазору 211

Страницы