Covid-19: Фавти 1 ҳазору 211 нафар дар Русия дар як шабонарӯз. Дар Тоҷикистон боз ду мубталои нав сабт шуд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 251 миллиону 497 ҳазору 710 ва фавтидагон ба 5 миллиону 078 ҳазору 254 нафар расидааст. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар олам то ба имрӯз 7,2 миллиард нафар худро зидди Covid-19 эм кардаанд, ки ин 40% сокинони сайёраро ташкил медиҳад.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия аз Covid-19 1 ҳазору 211 нафар ҷон бохтанд. Ин болотарин сатҳи маргумири шабонарӯзӣ аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ мебошад. Аз ҳама бештар мубталоён дар шаҳрҳои Москав (95), Петербург (88) ва Подмосковйе (62) буданд. Охирин ҳадди рекордии марг бар асари коронавирус дар Русия рӯзи 4-уми ноябр эълон шуда буд. Он рӯз  мақомоти тандурустӣ гуфта буданд, ки аз ин беморӣ 1195 нафар фавтиданд.  

Аз аввали пандемия то ба имрӯз дар Русия 249 215 нафар аз Covid-19 ҷон бохтаанд. Маврид ба ёдоварист, ки  маргумир аз коронавирус дар Русия аз охири моҳи сентябр афзуд. Ҳукумат сабаби инро дар суръати хеле пасти эмкунии аҳолӣ мебинад. Ба хотири пешгирӣ аз маргумири аз ин бештар ва сирояти сартосарӣ бо фармони президенти Русия аз авали моҳи ноябр як ҳафта кулли корхонаҳо ва мактабҳо, ҳамчунин марказҳои хидмарасодӣ таътил эълон шуданд.  

Ӯзбекистон хабар дод, ки аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 188 ҳазору 398 нафар ба Covid-19 мубтало шуданд ва 1 343 нафар фавтиданд. Ин кишвар аз муолиҷаи пурраи 184 507 нафар хабар дод.

Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 54 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шудааст ва шумори умумии мубталоён ба Covid-19 дар ин кишвар ба 181 ҳазору 936 нафар расидааст. 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи гузашта аз сабти боз 2 гирифтор ба КОВИД-19 дар кишвар хабар дод. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар кишвар 17088 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16962 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.