Ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Аммо бо риояи ҷиддии фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ
Чоп шуд: 08/06/2020 | redaktor
Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузашт, эълон кард, ки аз 15-уми июн ҳамаи муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо риояи ҳатмиву ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба фаъолият хоҳанд пардохт.