COVID-19 –Тоҷикистон: 76 ташхиси нави коронавирус дар кишвар. Шумори мубталоён ба 4529 нафар расид

Бино ба хабари Вазорати тандурустии Тоҷикитсон то соати 18:00 дақиқаи 7 июн  дар  кишвар 4529 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2673 (59%) нафар шифо ёфтаанд. Шумори фавтитагон аз коронавирусро вазорат имрӯз ҳам 48 нафар эълон кард. Бино ба навиштаи манбаъ шабонарӯзи гузашта 76 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки то 7 июн дар мамлакат 1186 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 185 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Рӯзи 6-уми июн гурӯҳи табибон аз Лаҳистон ба шаҳри Душанбе омаданд. Ин гурӯҳ аз 16 нафар иборат буда, онҳоро ҳамчунин се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳӣ мекунанд.  Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони лаҳистонӣ ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.