Сарвари бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода аз он изҳори хушбинӣ мекунад, ки КОВИД-19 ақиб менишинад, шумори муроҷиати шаҳрвандон ба бемористонро шадидан коҳиш меёбад, талафоти ҷонӣ ба назар намерасад. Вай дар як навиштаи кутоҳ дар саҳифаи худ дар Фейсбук атрофи ин масъала изҳои назар кардааст, ки онро айнан меорем.
Ба назар мерасад, ки ҳақиқатан вирус ақибнишинӣ кард. Росташ бо назардошти омор ва таҷрибаи кишварҳои дигар, нигаронии ман аз шуюъ ва бедоди вируси куруно хеле бештар буд. Метарсидам, ки ин муҳориба то моҳи август давом кунад ва мо ҳазорон нафар талафот диҳем. Фикр мекардам аз сабаби он ки вирус аз контрол хориҷ дар ҷомеа рафт, басуръат аксари одамон сироят мешаванд ва дар муддати нисбатан кӯтоҳ аксариятро мегирад. Дуруст аст ки мо талафоти зиёд додем, бамаротиб зиёд аз омори расмӣ, вале боз ҳам нигаронии инҷониб хеле бештар аз ин буд, ки шукри Худо амалӣ нашуд.
Қаблан ман се омилеро ки шояд ба коҳиши суръати шуюъи вирус мусоидат карда бошанд, тахмин карда, дар сафҳаам ёддоште навишта будам. Омили нигаронкунанда аз он се, хонадармонӣ буд. Ба андешаи ман агар ин омил аслӣ мебуд, мо дар ҳафтаи равон бояд шоҳиди муроҷиати зиёди беморони вазнин ба бемористонҳо ва маргумири бештаре мешудем. Хушбахтона, ин иттифоқи бад науфтод ва муроҷиати маризони Кувид 19 ба бемористонҳо ин ҳафта низ дар ҳоли коҳиш аст. Дуруст аст, ки як қисми одамон бо сабабҳои маълум ба хонадармонӣ рӯй оварданд, вале таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки панҷ дарсади мубталошудагон бе ёрии тахассусӣ зинда намемонанд. Тарси ман ба ҳамин назар рабт дошт, ки шояд маризони хонадармонӣ дар ҳоли вазнин ба бемористонҳо муроҷиат кунанд.
Вале хушбахтона, воқеият бозгӯи ҳоли дигар аст, яъне дарвоқеъ муроҷиат ба бемористонҳо коҳиш ёфтааст ва аз ин бармеояд, ки ба эҳтимоли қавӣ омили асосии кам шудани шуюъи вирус хонадармон набудааст.
Пас чи омиле дар коҳиши шуюъи вирус сабаби аслӣ бошад?
Ягона чизе, ки ба зеҳн мерасад, омилест, ки ҳамкори арҷмандам Малика Юсуфова фармуданд, омили мавсим буда метавонад. Ин омил ба бемориҳои дигари роҳҳои нафас, ки бар асари вирусҳо хурӯҷ мекунанд, низ таъсир мегузорад. Ҳамагон медонанд, ки бо омадани фасли гармои хушки тобистони мо зуком тақрибан нест мешавад. Шояд вируси куруно ҳам мисли вирусҳои ангезандаи зуком аз таъсири иқлими тобистонии мо ақибнишинӣ кард?
Ягона фаҳмише, ки ба зеҳни кунди банда камобеш мантиқӣ менамояд, ҳамин аст.
Вале агар вируси наҳс аз таъсири иқлим ақибнишинӣ карда бошад, тирамоҳ моро чӣ интизор аст?!
Худо медонад!