видео

Ҷаласаи ҷамъбастии РЕАКТ ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд. Дар он намояндагони беш аз 30 созмони байналмилалӣ ширкат доштанд (ВИДЕО)

16 декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристина Транки бо иштироки намояндагони вазоратҳои маориф ва илм...

Бинои навтаъмиршуда барои наҷотдиҳандагони КҲФ ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

7 декабри соли 2020, дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода додани бинои ба тозагӣ азнавсозишудаи Раёсати ҷумҳуриявии хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин кор дар доираи лоиҳаи чорсолаи “Таҳкими иқтидори...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти идораи ҳавошиносии кишвар то 12 декабр ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон меборад ва он тадриҷан ба барфи тар табдил меёбад. Дар кӯҳҳо ва баланкӯҳҳо резиши барфи шадид пешбинӣ шудааст. Табиист, ки ҳавои сарду боронӣ ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро мушкил мекунад. Яхбандӣ ва пайдо шудани ғарафи барф имкон дорад.

Ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд (ВИДЕО)

4 декабри соли 2020 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Ду давраи омӯзишӣ ба поён расид. Кормандони омӯзишдидаи КҲФ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)

20 ноябри соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ду давраи омӯзишӣ барои шӯъбаҳои Кумита ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Страницы