видео

Шумораи ҳалокшудагон дар ду заминларзаи Туркия ва Сурия ба беш аз 4300 расидааст (ВИДЕО)

Дар ду заминларзаи шадид дар Туркия ва ҳамсояи наздики он Сурия беш аз 4 ҳазору 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба оморҳои ахир дар Туркия зиёда аз 2900 нафар ва дар Сурия беш аз 1400 нафар ҷон бохтанд.

Ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА заминларзаи аввал соати 04:17 дақиқаи рӯзи гузашта ба вақти маҳаллӣ дар...

Бартараф кардани хатари яхшӯша дар як бинои бисёрошёна. Боз кардани ду дари баста, ки як духтари чорсола дар яке танҳо монда буд (ВИДЕО)

16 январи соли 2023  2023 сокинони як бинои баландошёна воқеъ қаламрави ноҳияи Шоҳмансур ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд ва барои бартараф кардан яхшӯшаи овезони боми хонаҳои худ кумак хостанд.

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз дастгоҳи  махсус хатарро бартараф намуданд.

Лағзиши тарма дар роҳи Душанбе – Варзоб. Роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст (ВИДЕО)

10 – уми январи соли  2023 дар километрҳои 67, 68, 69, 70 ва 71 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар тармаи километри 67-ум қисмати чапи як мошини тамғаи “Мерседес – Спринтер” зери ғарами барф монд. Бо талоши кормандони ширкати роҳи IRS, ки дар ин қитъа навбатдорӣ мекунанд, ронандаи мошин наҷот дода шуд.

Барои тоза кардани роҳ аз ғарами барфи сарозершуда техникаи ширкати роҳи IRS...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд (ВИДЕО)

5 январи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода ширкат намуд.

Страницы