Таркиши газ дар Новосибирск 3 нафарро ҳалок кард (ВИДЕО)

Бар асари таркиши газ дар як бинои панҷошёна дар шаҳри Новосибирски Русия ду даромадгоҳи он пурра фурӯ рафтааст ва 3 нафар ба ҳалокат расидааст. Зарфи се рӯзи охир ин дуюмин ҳодиса дар ин кишвар аст. Рӯзи сешанбе дар як сохтмони панҷошёна воқеъ дар шаҳри Ефремови вилояти Тула низ ҳодисаи таркиши газ ба қайд гирифта шуда буд.

Инфиҷори газ дар Новосибирк соати наздик ба ҳашти вақти маҳаллӣ дар биное воқеъ дар кӯчаи Линейний  рух додааст. Вазорати ҳолтҳои фавқулода гуфтааст, ки 300 метри мураббаъ масоҳати бино хароб шудааст.

Хабаргузории ТАСС истинодан ба мақомоти маҳаллӣ аз ҳалокати се нафар хабар дод ва навишт, ки эҳтимол 7 нафари дигар зери вайронаҳо монда бошанд.  

Анатолий Локот - шаҳрдори Новосибирск гуфтааст, ки сарнавишти 11 сокини бино номаълум аст, то кунун 11 нафар маҷруҳон ба бемористон  интиқол дода шудаанд.

То ин лаҳзаҳо аз ин бино 50 нафарро ба макони амн интиқол додаанд.

Кишвардори Новосибирск Травников гуфтааст, ки ин биноро дубора барқарор намекунанд, балки сокинони зарардидаро дар маконҳои дигар ҷобаҷо хоҳанд кард.