Ҳамоҳангсозӣ

Ҷаласаи РЕАКТ дар Душанбе: Ҳузурӣ ва онлайн

Имрӯз, 7 август таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, бо ширкати намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи

Таҳвили воситаҳои ҳимояи шахсӣ аз ҷониби Сафорати ИМА. Мулоқоти Раиси Кумита бо сарвари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус ва дар чаҳорчӯби татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулода миёни КҲФ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 22-уми июл дар Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили воситаҳои фардии ҳимоя зидди коронавирус баргузор шуд.

Кумакҳои дафтари Швейтсария оид ба рушд ва бахши Каритасс дар Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус

Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва шуъбаи Каритас Швейтсария дар Тоҷикистон 60 беморхона ва марказҳои саломатии воқеъ дар шаҳри Бохтару Кӯлоб ва 24 ноҳияҳои вилояти Хатлонро бо 82,000 литр собуни моеъ, 15,000 кг хлор, 14,000 ниқоб ва 2,280 литр маҳлули антисептикӣ таъмин карданд.

Кумаки техникии Ҳукумати Ҷопон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз, 22 – уми май ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои техникӣ ва техникаи муҳандисӣ барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот, ки Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи Ҳукумати Ҷопон харидорӣ кардааст, супурда шуд.  Ин дастгирӣ дар доираи тарҳи чаҳорсолаи «Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва...

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати пешгирӣ аз “СОVIД – 19” (ВИДЕО)

15 – уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, ҳамчунин ширкати намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон... 

Страницы