Ҳамоҳангсозӣ

Миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария Ёддошти тафоҳум имзо шуд

5 ноябри соли  2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.  Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ пешвоз гирифт

Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ

Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ҳамкориҳои худро дар заминаҳои коҳиши хатари офатҳо, мутобиқ шудан ба иқлим, омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода густариш медиҳанд. Дар ин бора Ёддошти тафоҳуме гувоҳ аст, ки имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.

Таъкиди Иттиҳодияи Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо Тоҷикистон бештар ҳамкорӣ кунад. Дар охирин дидори намояндаи ин ниҳоди аврупоӣ бо генерал Рустам Назарзода таъкид шуд, ки тағйири иқлим боиси афзоиши ҳамарӯзии ҳолатҳои фавқулода шуд, ки бар асари он мардум азият мекашанд ва бадтар аз ин онҳо куштаву захмӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Иттиҳодияи Аврупо омода аст дар ҳалли ин масоил ва коҳиши хатари офатҳо ҳар кумаки лозимро ба Тоҷикистон расонад.

Наҷотбахшон ва духтурони КҲФ соҳиби шаҳодатномаи дарси байналмилалӣ шуданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд кишвараш дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Сарвари идораи наҷоти Тоҷикистон сатҳи волои омодагии мураббиёни Фаронса, ки таҷрибаи худро ба ҳамкасбони тоҷики худ омӯхтанд, ситоиш кард.

Ширкат дар Ҷаласаи минтақавии сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода ширкат намуд.

Дар ин ҷаласа сарварони ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Узбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок карданд.

Страницы