Ҳаводиси олам

Нигаронии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши КОВИД-19 дар 11 кишвари Аврупо ва мамолики пасошӯравӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар 11 кишвари Аврупо ва кишварҳои пасошӯравӣ шумори гирифторон ба Covid-19 баъди лағви маҳдудиятҳои карантин якбора рӯ ба афзоиш овард. Аз ҷумла, Арманистон, Молдова, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон баъди он ки мақомот маҳдудият ё бахше аз маҳдудиятҳоро лағв карданд, шумори мубталоён зиёд шуданд.

Сарвазири Арманистон ҳам мубталои коронавирус шуд

Дар ин бора худи Нахуствазир Никол Пашинян дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.  Дар навори кутоҳи видеоӣ, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ мечархад, Пашинян мегӯяд, ки ҳарчанд нишоне аз ин беморӣ дар вуҷудаш эҳсос намешуд, вай хост тест супорад, зеро рӯзҳои оянда ният дошт аз қисмҳои ҳарбии кишвараш дидан кунад, бо сарбозону афсарон мулоқот дошта бошад.

Ҳавопаймо дар Покистон сарнагун шуд. 107 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар суқути маргбори ҳавопаймои ширкати покистонии «Pakistan International Airlines» ҳамаи 107 мусофири он ба ҳалокат расиданд. «Associated Press» истинодан ба суханони шаҳрдори Карочӣ иттилоъ дод, ки касе аз сарнишинон ва мусофирони ҳавопаймо зинда намонданд

Ҳавопаймои байналмилалии «Airbus A320», ки бо хатсайри PK

Covid-19: шумори мубталоён дар ҷаҳон аз 5 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи сироят ба коронавирус эълон кард, ки дар саросари олам ҳоло беш аз 5 миллион нафар мубталои ин беморӣ шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 106 ҳазор нафар чун мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз хабар дод, ки шумори сироятёфтагон ба вируси короно дар дунё аз  5...

Тарма дар Австрия 6 нафарро кушт

Австрия

Бар асари лағзиши тарма дар кӯҳҳои Алпи Австия ҳаддиақал 6 нафар ба ҳалокат расиданд. ВВС истинодан ба маълумоти пулиси Австрия овардааст, ки панҷ нафари ин кушташудагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех будаанд, ки рӯзи якшанбе дар ҳоли  кӯҳпаймоӣ дар минтақаи кӯҳистонӣ ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар 80-километрии шаҳри Залсбург (чаҳорумин шаҳри бузурги Австрия ва маркази вилоят дар ғарби ин

Страницы