Сӯхтор дар киштии ҳарбии Амрико 21 нафарро маҷрӯҳ кард

Бар асари таркиши шадид ва сӯхтор дар киштии десантбари амрикоии “Бонҳом Ричард” 17  маллоҳ ва 4 корманди ғайринизомии он захмӣ шудаанд. Ин киштӣ ҳоло дар пойгоҳи ҳарбии нерӯҳои дарёии ИМА дар шаҳри Сан-Диегои иёлоти Калифорния қарор дорад. Дар хабар гуфта мешавад, ки сӯхтор субҳи рӯзи якшанбе, 12-уми июл рух додааст. Бино ба гузориши идораи оташнишонии Сан-Диего ҳамзамон бо оташсӯзӣ садои инфиҷори шадид ҳам ба гӯш расид.

ВВС иттилоъ дод, ки тасвири ҳавоӣ аз маҳалли ҳодиса нишон медиҳад, ки  бахши умдае аз ин киштии 257 метрӣ аз дуди сӯхтор пӯшида шуда, қаиқҳои оташнишонӣ машғулӣ хомӯш кардани шӯълаи оташ дар ин киштии бузурганд.

Мақомот расман иллати ин сӯхтор ва инфиҷорро эълон накардаанд. Флоти баҳрии ИМА дар хабаре, ки ахиран дар Твиттер интишор дод, мегӯяд ин 17 маллоҳ ва чаҳор ғайринизомӣ дар бемористони маҳаллӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд. Ҷароҳати онҳо ба саломатиашон хатари чандоне надорад”.

барчасп: