Шумори куштагони сели азим дар Ҷопон ба 52 нафар расид (ВИДЕО)

Ба асари сели азим дар Ҷопон 52 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ки бештар аз 10 нафари дигар бенишон гум шудаанд ва аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Дар префектураҳои  Фукуока, Сага ва Нагасаки ҳолати хатарнок эълон шудааст. Ин вилоятҳо дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии мамлакат ҷойгиранд.  Ҳокимони кишвар аз эҳтимоли обхезӣ ва зери об мондани манзилҳои истиқоматӣ ҳушдор медиҳанд.

Дар айни замон дар 8 префектураи мамлакат ҳолати фавқулодда эълон шудааст. Ба сокинони бахше аз ноҳияҳо тавсия додаанд, ки аз хонаҳои худ ба маконҳои бехатар раванд. Мақомот мегӯянд вазъи ба амаломада ҳолати амниятиро барои сокинон пурхатар кардааст. Танҳо дар префектураҳои Эхимэ, Оита бо ҳудудан 350 ҳазор нафар ба ҷойи дигар интиқол дода шаванд.

Рӯзи истироҳати гузашта сарвазири Ҷопон Сендзо Абэ ба маҳалли ҳодисаи табиӣ 10 ҳазор сарбозро ҷиҳати ёрӣ ба офатзадагон фиристод.