Ду рӯйдоди шабонарӯзи гузашта: Заминларза ва тарма дар ВМКБ
Чоп шуд: 04/03/2024 | redaktor
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷониву хисороти дигар сабт нашудааст.
Чунончӣ, бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ 3 марти соли 2024 соати 12:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.