Ахбори рӯз

КҲФ: Хабари тарма дар ВМКБ ва омадани сел дар Нуробод

9 майи соли 2024  соати 13:38 дар километри 29-уми роҳи мошингарди Рӯшон Рушан-водии Бартанг, ки аз ҳудуди деҳаи Хиҷези ҷамоати деҳоти Бартанг мегузарад, тарма муваққатан роҳро баст.

КҲФ: Чор ҳодисаи сабтшуда дар обҳои кишвар, ки мутаассифона, одамон ҳалок шудаанд

24 соати охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар чаҳор амалиёти наҷот дар об иштирок намуда, як марди 76-соларо наҷот доданд.

9-уми майи соли 2024 соати 14:10 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ дар бораи марде хобида дар ҷазираи хурде воқеъ дар дарёи Қаратоғ хабар доданд. Ин мард аз ҳудуди деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дида мешуд.

Ҷаласаи Комиссия дар ВМКБ

8 майи соли 2024 дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси Комиссия – муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти фаъолияти соҳаҳои саноат ва объектҳои хоҷагии вилоят барпо гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласаи Комиссия ду масъала...

Идомаи рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар кишвар

Боронҳои зиёди рӯзҳои охир муҷиби омадани селҳо дар манотиқи мухталифи кишвар шуданд ва табиист, ки ин селҳо хисороте ҳам ба хоҷагии халқ расонданд. Ҳоло башиддат корҳои рафъи паёмадҳои ин офатҳо идома доранд.

Дар шаҳри Ваҳдат:

4-5 майи соли 2024 дар ҳудуди ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат корҳои зерини бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ ба анҷом расиданд:

КҲФ: Ҳавошиносон рӯзҳои оянда ҳавои номусоидро пешгӯӣ мекунанд. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 10-12 майи соли 2024 дар як қатор шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ (шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод...

Страницы