Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, дар рӯзҳои оянда низ дар қаламрави роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, бахусус дар километҳои 48 - 74 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.  

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.

Дар КҲФ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гуфтанд

6 январи соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд ва дар он аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.

 Дар ҷаласа гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии...

Садамаи мошин дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт. Имдодгарон ронанда ва ҳамсафари ӯро наҷот доданд

Як мошини «Toyota Camry», ки аз ҷониби як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, бо мошини боркаши тамғаи «Дулан» бархӯрдааст. Ронанда ва мусофири он ҷавони 21-солаи сокини пойтахти кишвар ҷароҳати вазнин бардоштаву дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ин ҳодиса дирӯз, 5-уми январи соли 2024 дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе рух додааст.

Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 январи соли 2024 соати 14:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 320 килеметр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 260 километр ҷанубу шарқи шаҳри Роғун дар қаламрави Афғонистон буд.

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони азизу арҷманд!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бо фарорасии соли 202муборакбод мегӯяд! Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад! Саломатӣ, меҳрубонӣ, шукуфоӣ насиби шумо ва наздиконатон!

Шодиҳои соли сипаришаванда дар Соли нав идома хоҳанд кард ва заминаи хуби...

Страницы