Ахбори рӯз

Шумори ҳалокшудагон дар заминларзаи Чин аз 130 нафар гузашт

Шумори куштаҳои заминларза дар қисмати шимолу-ғарбии Ҷумҳурии Марудмии Чин ба 131 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз, 20-уми декабр телевизиони давлатии ин кишвар иттилоъ дод. Заминларза бо қувваи 6,2 балл ҷони 113 нафарро дар Гансу ва 18 нафарро дар Синхай рабуд. 

Дар аввалин соатҳои рух додани заминҷунбӣ телевизиони давлатии CCTV аз захмӣ шудани садҳо нафар ҳам гузориш дода буд. 

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу хоки се рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 19 то 21 декабри соли 2023 аз сабаби тағйири боду ҳаво дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу ғубор дар назар аст.

Дар Суғд ҷаласаи вилоятии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид

Охири ҳафтаи гузашта дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба огоҳонидани шаҳрвандоне...

Дарсҳои омӯзишӣ бо хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа дар Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани курсҳо ва дарсҳои таълимӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии...

КҲФ: Зимистони бехатар ё чӣ бояд кард то аз нохӯшиҳо эмин бимонем?

Инак, моҳи декабр ҳам ба даҳаи сеюми худ наздик мешавад, ҳавои сарди зимистон ба истиқболамон меояд. Мо талош мекунем хонаҳоро гарм нигоҳ дорем, чун ҳавои сард маъмулан метавонад боиси касалиҳо шавад. Дар пеш Соли нави милодист ва табиист, ки дӯстдорони ҳар гуна тафреҳҳои солинавӣ ҳам зиёданд. Аммо ба ин нукта ҳам набояд бетаваҷҷуҳ буд: фасли зимистон бо сардиҳову...

Страницы