Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳи зарфи ду рӯзи оянда
Чоп шуд: 27/02/2023 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 феврали соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби ВМКБ, дар роҳҳои мошингарди Душанбе -Чаноқ, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.