Бо дастури Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои офатдидаи ВМКБ фиристода шуд
Чоп шуд: 20/02/2023 | redaktor
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак иборат аз либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».