Ахбори рӯз

200 тарма дар 5 рӯз. Хатари лағзиши тарма ҳамоно вуҷуд дорад

Шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар нуҳ ҳодисаи лазиши тарма ба қайд гирифта шуд. Зарфи панҷ рӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст, ки бар асари он 19 нафар сокинони навоҳии мухталиф ҷони худро аз даст доданд.

Чунончӣ, 19 – уми феврали соли 2023 дар километри 327 роҳи мошингарди  Душанбе-Кӯлоб...

Машқҳо ва санҷишҳои ғайринақшавии Кумита

Дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумита 13 то 18 феврали соли 2023 дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита санҷиши минтақаҳои хавфнок гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, тибқи банди 8-и Қарори ҷаласаи Мушовара машқи ғайринақшавии Низоми ягонаи...

Хабарҳои охир аз лағзиши тарма, сел, ярч дар қаламрави кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 24 ҳодисаи лағзиши тарма, 6 ярч ва 5 сел ба қайд гирифта шуд.

ВМКБ

17 феврали соли 2023 соати 21:11 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 352 роҳи мошингарди Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, ки аз деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумб мегузарад, сел омад.

Мулоқот бо наҷотдиҳандагони тоҷик дар вилояти Хатой

18 феврали соли 2023 генерали гарнизони ҳарбии Хатой ҷаноби Хакан Тутужи бо генерал – майор Сулаймон Исозода – роҳбари дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ахиран аз Қаҳрамонмаръаш вориди вилояти Ҳотай шуда буданд, мулоқот кард.

Наҷотдиҳандагони КҲФ нимаи дуюми рӯзи 17-ми феврал ба вилояти Хатой...

Наҷотдиҳандагони КҲФ аз Қаҳрамонмаръаш ба вилояти Хатой равона шуданд

Наҷотдиҳандагони тоҷик аз шаҳри Қаҳрамонмаръаш ба вилояти Хатойи Туркия равон шуданд, то дар роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатдидаи Туркия ширкат кунанд. Хатой яке аз вилоятҳои бузурги кишвари Туркия мебошад, ки бо Сурия ҳаммарз аст.

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

Страницы