Ахбори рӯз

Мошини сарозершуда дар канали Сталин: Як зани мусофир ва мошинро берун оварданд. Ҷустуҷӯи ронанда ва ҳамроҳони эҳтимолии ӯ идома дорад

23 марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи садамаи мошин дар қаламрави шаҳри Леваканти вилояти Хатлон хабар расид.

Хабар дода мешуд, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ин ноҳия мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.

Ду заминларзаи рӯзи 23-уми март дар қаламрави кишвар. Талафоти ҷонӣ нест. Хисороти дигар муайян карда мешавад

23-юми марти соли 2023 соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 132 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт, 30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ   буд.

Бино ба иттилои хадамоти геофизикии назди АМИТ қувваи...

Ҳалокати ронандаи мошини “Мерседес-Бенс”, ки дар садама оташ гирифта буд

18 марти соли 2023 тахминан соати 00:58 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар гардиши кӯчаи Зарнисори пойтахт садамаи мошин ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

КҲФ: Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо бартараф нашудааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Рӯзи 14 марти соли 2023, санҷиш ва расонидани кўмаки амали – методӣ ва машғулиятҳои намунавӣ бо ҷалби коргарон ва хизматчиёни Маркази  бемориҳои сили вилояти Хатлон доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Мақсади гузаронидани санҷиш ва расонидани кўмаки амали – методӣ...

Страницы