Ҳушдор ва тавсияҳои КҲФ: Бориши борону барф то рӯзи 2-уми ноябр идома мекунад!
Чоп шуд: 31/10/2022 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 2-уми ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, дар водиҳо боронҳои пуршиддат меборанд ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ эҳтимоли боридани барф зиёд аст. Ҳамчунин аз сардии бештари дамои ҳаво низ хабар дода шудааст. Бар асари боронҳо пуршиддат омадани селҳо дар баъзе минтақаҳо эҳтимол дорад.