Ахбори рӯз

Ҷалса бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-ум ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Раёсати Хатлон

Ҷалса бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-ум

Рӯзи 16 ноябри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ ба муносибати таҷлили “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сайидзода Раҳмон иштирок намуда, доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ суханронӣ кард.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни саодатофар барои мардуми кишвар

Таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани Рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Дарси омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар маркази бемориҳои чашми Хатлон

Дарси омӯзишии мудофиаи гражданӣ

15 ноябри соли 2022 дар Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Нақшаи асосии мудофиаи гражданӣ барои соли 2022 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон санҷиши ҳолати ҳуҷҷатгузории мудофиаи гражданӣ ба кормандони масъули соҳаи мудофиаи граждании Маркази мазкур ёрии амалӣ ва методӣ расонидааст. Мақсад аз баргузории дарсҳои намоишӣ ва ёрии амалию

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

лағзиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмнони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 16-18-уми ноябри соли 2022 дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад

Дар Шаҳринав ҷаласаи Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Страницы