Ахбори рӯз

Дар Шаҳринав ҷаласаи Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Ҳалокати ронандаи «MUSSO» дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Марги мармузи як соҳибхонаи 52-сола дар шаҳри Душанбе

Соати 10:05 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр аз як садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ хабар расид. Вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки мошини тамғаи «MUSSO» , ки аз ҷониби як сокини 32-солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд идора мешуд, ба ҷарии 300 метр сарозер шудааст.

Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд...

КҲФ: Рӯзи 9-уми ноябр хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад!

хатари омадани селҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад. Ҳамчунин эҳтимоли

Маркази заминларзаи рӯзи гузашта Афғонистон буд

7 ноябр тахминан соати 08:27 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии кишвар маркази он 270 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Хоруғ қувваи он 2-3 балл буд.

Хабарҳои дирӯз ва субҳи имрӯз: Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст

7 ноябри соли 2022 тахминан соати 07:27 дақиқа дар кӯчаи Калтаҳои ҷамоати Оби Гарми Роғун дар натиҷаи боронҳои шадид роҳи аҳамияти маҳаллидошта фурӯ рафта, муддате ҳаракати нақлиётро номумкин кард. Дар айни замон бо боз кардани роҳи иловагӣ ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шуд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда барои баратараф...

Страницы