Ахбори рӯз

Хабарҳои рӯзи гузашта

Роҳбандии селҳо дар гӯшаву канори кишвар, пайдо шудани ҷасади писари 17-солае, ки рӯзи 1 ноябр ба дарё сарозер шуда буд

2 ноябри соли 2022 соати 11:00 дақиқа баъди борони давомдор сатҳи оби сой дар қаламрави деҳаи Назирободи ҷамоати деҳоти Симиганҷ боло рафт. Оби беруншуда аз соҳил боиси пур шудани роҳ аз сангу шағалу лойқа шуд ва...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари омадани сел ва резиши санг боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2022 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвзи ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Ин боронҳо дар баъзе ҳолатҳо ба барфи тар табдил мешаванд.

Ҳалокати наврас ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар Мингдона

Як сокини  17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст ва гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.

Борони рӯзи гузашта. Селҳо дар чанд минтақаи кишвар

Бино ба маълумоти шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода рӯзи 30 октябр, соати 20:10 дақиқа бар асари бориши зиёди борон сатҳи оби  канали Мулошодӣ ва Заркамар  баланд гардида, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонов ба 7- хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид.

Корҳои бартарафсозии ҳолати баамаломада идома дорад.

Ҳалокати ду сокини Хистеварз, ки зери бетони бинои харобшуда монда буданд

Ҳалокати ду сокини Хистеварз

Ду сокини кӯчаи ба номи Додо Зокрирови ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф ҳангоми кор дар як бинои хароба зери девори бетонӣ мондаву ба ҳалокат расидаанд. Бино ба хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҳодиса рӯзи 31-уми октябри соли равон рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ ин ду нафар, ки яке 43-сола ва

Страницы