Ахбори рӯз

Иштироки ҳайати Тоҷикистон бо сарварии генерал Назарзода дар Иҷлоссияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Индонезия

Аз 24 то 27 – уми майи соли 2022 дар Индонезия Иҷлоссияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия баргузор карда буданд, баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки ҳамчунин дар низоми онлайн низ роҳандозӣ шуд, беш аз 7 ҳазор нафар аз 92 кишвари  олам иштирок намуданд.

Хабари марги се ноболиғ дар обҳои кишвар: дар Восеъ,Ваҳдат ва Шаҳринав

марги се ноболиғ

Ба марги ин се ноболиғ боз ҳам метавон волидони онҳоро гунаҳгор донист, ки беназорат гузоштаанд. Аз ин се ду нафарашон 14-сола буданд ва яке ҳамагӣ 2 сол дошт. Шумори ғарқи об шудани ноболиғон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз ҳудудан 30 нафар ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои

Рафъи хатари чинори азиме, ки дар ҳоли садамавӣ қарор дошт

Рӯзи  26- майи соли 2022, соати 09:25 дақиқа Директори МД «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  хиёбони  Рўдаки №145 як дарахти чинор дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои селовари рӯзҳои 27-28-уми май

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад. Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22

Санҷиши маконҳои оббозӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ дар остонаи фасли гарм як силсила корҳои санҷиширо дар махзанҳои об гузарониданд.

25 – уми май онҳо дар ҷараёни санҷиши маконҳои оббозӣ дар қаламрави пойтахт сатҳи омодагиҳои онҳоро барои қабули истироҳаткунандагон аз назар гузарониданд.

Страницы