Анҷоми Форуми минтақавӣ – Ҷаласаи сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

6 октябри соли 2022 дар доираи татбиқи тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030” бо ширкати ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон  Зиёзода ва таҳти раёсати Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо  баргузор шуд.

Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва Агентиҳои СММ, Сарвари Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ ҷаноби Октавина Бивол, Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терхи Ҳакала ширкат карданд.

Раиси Кумита дар ифтитоҳи ҷаласа хотирнишон кард, ки натиҷаҳои ин Форум ангезаи наве ба тавсиаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ хоҳад дод. Ғайр аз ин вай ба ҳамкориҳои муштараки кишварҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо таъкид намуд.

Вай гуфт: «Ҷалби чунин доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба рушди минбаъдаи муколамаи созанда, табодули иттилооту таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунад».

Муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода зимни суханронии худ баргузории ин чорабиниро муҳим арзёбӣ кард. «Ташкил ва баргузории ин Форум бо иштироки намояндагони сатҳи баланд ва коршиносон идомаи талошҳои кишварҳои мо барои рафъи оқибатҳои манфии тағйири иқлим ва бахусус офатҳои табиӣ мебошад, ки ба мо имкон медиҳад, ки талошҳои худро дар ин самт пурзӯр намоем. Бояд гуфт, ки таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ширкат дар ҷаласаҳои муҳими минтақавӣ аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад», - таъкид дошт муовини Сарвазир.

Роҳбари Раёсати Аврупо ва Осиёи Марказии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҷаноби Октавиан Бивол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои созмондеҳии ин дидор изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки СММ минбаъд низ ба ҳалли мушкилот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад кард. Аз ҷумла, ҷаноби Бивол гуфт: «Ман бовар дорам, ки Ҳукумати Тоҷикистон як чорабинии хеле саривақтиро бо ширкати ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам кишварҳои минтақаи Осиё ташкил кард, зеро офатҳои табиӣ марз надоранд ва мушкили як мамлакат ба дигараш таъсири сахт мерасонад. Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳкими устуворӣ ба офатҳо ва тағирёбии иқлим кумаки бештар хоҳад кард”.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Терри Ҳакала зимни суханронӣ дар назди иштирокчиёни Форум қайд кард, ки баргузории Форуми минтақавӣ бори дигар аҳамияти мушкилоти марбут ба хатарҳои офатҳои табииро, ки бояд якҷоя ҳал карда шавад, тасдиқ кард.  

Зимни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои татбиқи минбаъдаи Барномаи Сендай дар кишварҳои минтақа, омӯзиши таҷрибаи кишварҳо дар паи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва раванди барқарорсозӣ, муносибати фарогир, ҳамкориҳои фаромарзӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи татбиқи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои минтақа барарсӣ карданд.

Дар поёи ҳамоиш Протоколи Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ  қабул градид. 

барчасп: