Ахбори рӯз

Дар як садамаи мошин як нафар ҳалок шуд. Дар Данғара 11 узви ду оила аз консерв заҳролуд шуданд. Яке фавтид, ҳоли се тан вахим аст

Зарфи ду шабонраӯзи гузашта бар асари як садамаи мошин ва заҳролуд шудани сокинон аз консерви дастсохт ду нафар ба ҳалокат расиданд. Як маҷруҳи садама дар бемористон, яке аз 11 заҳролудшудагон ҳам тарки олам намуд. Ҳолати се тани онҳо вазнин буда, ҳоло 9 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара табобат мешаванд.
Тибқи маълумоти шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе. Талафоти ҷонӣ нест

Баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, 31-уми октябри соли равон тибқи як хабари сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

Оташи сӯхтор аз хонаи №52 ба хонаҳои 42, 44,46,  48, 48/1, 50

Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Мошин ба умқи 900 метр сарозер шуд. Се нафар ба ҳалокат расиданд. Сабаб: суръати баланди ҳаракат!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот як мошинеро, ки аз баландӣ ба умқи қариб 900 метр сарозер шуда буд, берун оварданд. 

Ин фоҷеа рӯзи 31-уми октябри соли равон дар километри 153 – уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Мошини тамғаи

Гурӯҳи коршиносон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои идораи хатари офатҳо шинос шуданд

Охири моҳи октябр гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз ҳисоби кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КҲФ бо лоиҳаҳои амалишаванда оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаҳои Рӯдакӣ ва Файзобод шинос шуданд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда маросими савгандёдкунии Президенти кишварро тамошо карданд. Кормандони Кумита дар гузашти низомӣ ширкат доштанд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми воҳидҳои минтақавии он тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гузашти низомӣ ташкил карда шуд.
Маросими савгандёдкунӣ аз Қасри Миллат оғоз ёфт, ки дар он

Страницы