16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ дар қаламрави ВМКБ зарфи як шабонарӯз
Чоп шуд: 31/03/2021 | redaktor
31-уми марти соли равон дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа дар минтақаҳои мухталифи роҳҳои мошингарди Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб ҳаракати мошинҳо қатъ шуд. Ин тармаву сангрезиҳо талафоти ҷониву хисорати молӣ надоштанд.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои...