Ахбори рӯз

Боз як бозӣ ва боз як пирӯзӣ: Ҳисоб 2:0!

Дар доираи мусобиқоти варзишие, ки ба “30-солагии Истиқлоли давлатӣ” бахшида шуда ва миёни тимҳои варзишии вазорату идораҳо дар ҷараён аст, дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дорад.

Ин бозиҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши

Баргузори ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 7-уми апрели соли 2021 таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Наҷоти як саг аз ҷониби имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

6 апрели соли равон соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шафати муассисаи таҳсилоти умумии №16 шаҳри Душанбе дар як новадон саге дармондааст ва наметавонад аз он берун шавад.

Ҳама талоши сокинон барои берун овардани он бенатиҷа буд,

САҲА ва Кумита ҳамкориро қавитар менамоянд

5-уми апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода Р. бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2021 ва ҳамоҳанг намудани ҳамкориҳо дар соли 2022 баргузор гардид.

Вохурӣ бо намояндагони ду Кумита

Бо мақсади бардоштани интизоми ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси миллӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ, шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Страницы