Ахбори рӯз

Наҷоти се наврас аз коми мавҷҳои туфонии рӯди Сир

Се наврасе, ки шояд бехабар ва шояд огоҳона дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ оббозӣ мекарданд, аз хатари як марги иҷборӣ наҷот дода шуданд. Онҳоро метавонист мавҷи пурталотуми Сир ба коми худ фурӯ барад, агар сари вақт ба кумакашон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намерасиданд. Ва чӣ зиёданд ин гуна ҳолатҳо, ки наврасону кӯдаконро бузургсолон беназорат мегузаранд ва онҳое, ки аз қоидаҳои шиноварӣ огоҳ нестанд, худро ба коми дарё медиҳанд. Ин аст, ки Кумита ба падару модарон ҳушдор медиҳад: Ҳушёр бошед, фарзандонатонро беназорат нагузоред!

Оббозии бехатар дар обанбори «Баҳри тоҷик»

Фарорасии тобистону мавсими гармову шиноварӣ аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон балат мекунад, ки бештар миёни мардум бошанд ва тадбирҳои бехатариро таблиғ кунанд. Ҳамин гуна як мулоқот дар шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо маорифи шаҳр бо кормандон ва донишҷўёни Коллеҷи тиббӣ баргузор гардид.

Дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳҳои соҳилии вилояти Суғд

 Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш идома медиҳанд. Корҳои таблиғӣ дар баробарои санҷиши ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилӣ, мавҷудияти таҷҳизоти тиббӣ ва гӯшаҳои деворӣ бо варақаву дастурҳои таблиғотӣ сурат мегирад. Онҳо бешар ба постгоҳҳои назоратӣ ва бозомӯзии кормандони наҷот таваҷҷуҳ мекунанд.

Кумак ба зарардидагони шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон

Ба зарардидагони ноҳияву шаҳрҳои вилоятҳои Суғду Хатлон кумакҳо сарозер шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баъди  омӯзиши вазъ якҷо бо шариконаш аз паймони РЕАКТ ба офатзадагон ёриҳои башарӣ расонд ва тақсим кард. Рафти барқарорсозии харобиҳои офоти табиӣ зери назарат гирифта шудааст.

 

Дарсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимоти миёнаи Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар дарсҳои омӯзишӣ гузарониданд, ки дар онҳо наздик ба 900 хонандагон ва муаллимон иштирок намуданд.  Ҳадафи мулоқот такмили донишу малакаҳо дар шароити таҳдидҳо ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин тарбияи

Страницы