Ахбори рӯз

Пирӯзии тими КҲФ дар футболи хурд ва шатранҷ дар бозӣ бо тимҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар

Аз 17 то 20 феврали соли 2021, дар Клуби марказии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор шуд.

16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз дар роҳи Хоруғ – Ишкошим. Тарма ва сангрезиш роҳро муваққатан баст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сабаби гармии ҳаво ва баъдан бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад. Чунончӣ, зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи

Ҳалокати падару писар дар як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Як мошини бензинкаши тамғаи “Дулан” дар километри 64,100 шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронанда ва мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 20 феврал соати 15:40  дақиқа рух додааст ва сабаби он аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.

Суҳбатҳо атрофи пешгирӣ аз нашъамандӣ. Мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар

Чаро пешгирӣ аз гирифторӣ осонтар? Чаро бояд наврасон ва ҷавононро бештар аз хатари мубтало шудан ба бемории нашъамандӣ ва ба доми нашъаҷяаллобон афтодан бояд огоҳ кард? Оё метавон гуфт, ки нашъам андӣ табобатшаванда аст?

Инҳо аз ҷумлаи суолҳое буданд, ки дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи...

Мулоқоти генерал Назарзода бо сарвари тозатаъини намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

19 феврали соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сарвари нави Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Олсавски мулоқот  кард.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумита ҷаноби Олсавскиро...

Страницы