Ахбори рӯз

Як рӯзи ҳолатҳои фавқулода: Ду ғарқшудаи фавтида. Чаро мо ин қадар беэҳтиёт шудаем?

ҲУШДОР! ЭҲТИЁТ КУНЕД! Қариб ҳар рӯз дар хабарҳои худ мо дар бораи эҳтиёт ҳарф мезанем. Эҳтиёт аз хатаре, ки ба ҷони шумо таҳдид мекунад. Аслан гузаштан аз болои ягон қубуре, ки зераш рӯди хурӯшон мегузарад, иҷозат нест. Аксари сокинони пойтахт ин қубурҳоро болои рӯди Душанбе дидаанд ва медонанд, ки тай кардани масофаи он аз соҳил ба соҳили дигар кори содаву осоне ҳам нест. Боз дар аввали баҳор, ки дарёи

Пешгирӣ аз худкушии як хонуми 53-сола

Боз хонуме аз чанги марг наҷот дода шуд. Боз хонадонеро нагузоштанд, ки дар мотам нишинад. Боз як нафаре, ки мехост ба ҳаёти худ поён диҳад, аз чанголи марг раҳо ёфт. Инсонҳо баъзан аз ҳодисае дилгир мешаванд ва роҳеро интихоб мекунанд, ки гумон доранд, беҳтарин роҳ аст. Вале ҳолати стрес гузаранда аст. Ҳоло ин бону ҳам, ки ба ҳуш омадааст, алабатта дар ин бора меандешад. Вале агар наҷотдиҳандагон сари

Суҳбатҳои муфид дар бораи короновирус дар қисмҳои ҳарбӣ

Дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Кумита миёни сарбозону афсарон корҳои таблиғотии зидди вируси КОВИД-19 ба роҳ монданд. Дар ин дидору мулоқотҳо ба сарбозон дар бораи вируси наве, ки бо номи КОВИД-19 ҷони оламиёнро дар хатар гузоштааст,

Боронҳои пуршиддат хатари офатҳои табиро бештар кардаанд

Боронҳои шадиду раъду барқ, лағзиши тармаву резиши санг, рониши замин дар баъзе минтақаҳо аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки наметавонанд нигаронкунанда набошанд. Бахусус боронҳои пуршиддат боиси болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳову каналҳо гашта, изтироби сокинонро бештар кардаанд. Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варианти

Боду ҳавои чанд рӯзи оянда. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар меравонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад: боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола (дар навоҳии кӯҳии бештар аз 2000 метр барфи тар). Бахусус раъду барқ дар роҳҳо хатар доранд.

Страницы