Ахбори рӯз

Се хабари ногувор аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шуғнон

Субҳи имрӯз, 01 октябри соли 2020  ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбани Рўдаки 172 дар ҳавзи таъминии шабонарўзии оби шаҳри Душанбе ҷасади як марди номаълум ёфт гардидааст.

 Соатои 08:30 дақиқа  Дастаи махсуси зудамали наҷоти...

Таҳкими техникии Раёсати Суғд аз ҷониби Салиби Сурхи Олмон

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯш, таҳкими заминаи техникии бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода имрӯз дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маросими

Тамрин дар Донишгоҳи аграрӣ. Наҷотдиҳандагон амал ҳангоми сӯхтори эҳтимолӣ дар ин Донишгоҳро машқ карданд

Рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2020 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур машқи фармондеҳӣ - ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ба амал омадани сўхтор» гузаронида шуд.

Оғози рӯзҳои сарди тирамоҳ. Табиат рӯ ба зимистон меорад. Дар ин ҳолатҳо чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинони кишвар

Моҳҳои тирамоҳ барои кишвари мо ҳавои ноустувор доранд. Рӯзҳои борониву шамолҳои гоҳ сахту гоҳ тунд ва дамои ҳаво низ гоҳ гарм асту гоҳ сард. Аммо аз сардиҳо дигар ҷойи гурез ҳам нест. Тирамоҳ батадриҷ нафаси сарди зимистонро наздик мекунад. Ва дар ин моҳҳо ҳар гуна рӯйдодҳои табиӣ ҳам  эҳтимол доранд, аз қабили резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, мушкили ҳаракати мошинҳо ва илова ба ин ҳодисаҳое ҳам...

Наҷоти як духтари 17-сола дар Суғд, ки қасди худкушӣ дошт. Шуъбаи шаҳрӣ ду наҷотбахши духтарро бо сипоснома қадрдонӣ кард. Шарҳи расмӣ

28 сентябри соли равон тақрибан соатҳои 17:30 дақиқа ба наҷотдиҳандагони ихтиёрии Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб Мирзоев  ва Баҳриддин Шарипов   муяссар гардид, ки як сокини 17-солаи ҷамоати деҳоти Чойрух-дарони  шаҳри Гулистон, ки худро бо мақсади худкушӣ аз болои пули Исмоили Сомонӣ   ба дарёи Сир ҳаво дод, хабар расид.

Страницы