Заминларза дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 12/03/2020 | admin
Шаби гузашта, 11 март, соати 22:11 дақиқа бо вақти маҳалӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид. Бино ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази он 82 километр шимолу шарқи пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва 8 километр аз шаҳри Роғун буд.
Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Роғун 2-3 балро ташкил дод.