Обу ҳавои рӯзи шанбе, 7-уми марти соли 2020
Чоп шуд: 07/03/2020 | admin
Бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7 март низ дар кишвар ҳаво тағйирёбанда аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад, дар водиҳо борон. Боз ҳам ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилоте ба бор меорад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои