Ду дари баста боз шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 06/12/2019 | admin
Занги телефонии сокини кӯчаи ба номи Алишери Навоии пойтахт Ж.Манорова гурӯҳи зудамали Маркази идораи ҳолатҳои буҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба хона ӯ бурд. Мавсуф хабар медод, ки вақти берун рафтан аз хона бо худ калид нагирифтааст ва чун баргашт, дари бозро баста дид. Дар хона ноболиғе дорад, ки