Ахбори рӯз

Савганди садоқати наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Рашт

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт воқеъ мебошанд, наваскарон ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд.  Дар ин рӯзи хотирмон барои кулли сарбозони навдаъват роҳбарияти КҲФ, падару модарон, пайвандон, дӯстони наздикашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Ҷасади сокини 41-солаи пойтахт дар кӯли Ҷавонон пайдо шуд

Ҷасади як сокини 41-солаи пойтахт, ки чанде пештар баъди муноқишаи хонаводагӣ бедарак шуда буд, аз кӯли Ҷавонон пайдо шуд. Гуфта мешавад, ки ин мард баъди баҳси хонаводагӣ аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Ҷасади ӯро баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми декабри соли равон наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита пайдо карданд  ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супурданд.

АНОНС: Хонданиҳо ва диданиҳои ин ҳафта дар сомонаи мо

* Таҳқиқоти тоза: Гармоиши замин ҳаёти бисёре аз моҳиҳоро таҳдид мекунад. * Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ, яъне чӣ? * Бузургтарин обхезиҳои харобиовари таърихи башар. Маълумоти сарчашмаҳо аз соли 1342 ба инҷониб. * Номаи хонанда: Маргумири шашуми олам. Чаро шашум? * Барномаҳои рушди КҲФ қадам ба қадам. Бахши дуюм.

Баргузории ҷаласаи Платформаи миллӣ дар шаҳри Душанбе

6 декабри соли равондар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” таҳти сарварии Ҷонишини аввали Раиси Платформаи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи Платформаи милии коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.

Тамрин барои кормандони созмони “ИРОДА”

6 – уми декабри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони созмони ҷамъиятии “ИРОДА” барои барқарорсозии бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд тамрин дар мавзуъи “Асосҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулода” баргузор шуд. Дар тамрин бештар аз 30 нафар кормандони ин ташкилот

Страницы