Наҷоти кӯҳгардони раҳгумзада баъди 19 соати оғози ҷустуҷӯ
Чоп шуд: 24/09/2019 | redaktor
Боз як амалиёти наҷоти шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар бо муваффақият ба анҷом расид. Ба дунболи наҷоти чаҳор гардишгари исроилӣ дар кӯҳҳои Бадахшон ин бор куҳнавардони раҳгумзадаи Федератсияи Русия наҷот дода шуданд. Амалиёти ҷустуҷӯ 19 соат давом кард.
Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22 сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон воқеъ дар шимоли кишвар ба анҷом расониданд.