Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Пекин ихтисоси худро такмил медиҳанд
Чоп шуд: 29/08/2019 | redaktor
Дар доираи татбиқи Созишномаи байнидавлатии ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 нафар кормандони воҳидҳои гуногуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши “Ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон”, ки имрӯзҳо дар Пекин дар ҷараён аст, ширкат доранд.