Қабули довталабон барои Академияи ҳимояи граждании ВҲФ Русия идома дорад
Мӯҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таълимоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба соли таҳсили 2019 – 2020 озмуни довталабонро эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонписарони аз 17 то 24-сола ширкат карда метавонанд.
Омӯзишҳо дар самти “Бехатарии фазои техникӣ” (ихтисоси “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулодда”) мегузаранд.