Ҳалокати Раиси суди ноҳияи Истаравшан бар асари як садамаи автомобилӣ

Раиси суди ноҳияи Истаравшан Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай бар асари як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расидааст. Мошине, ки раиси суд дар он савор буд, бо Дулани канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа ду мусофири он ҳалок шудаву ду тани дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Аҳволи ин ду нафарро низ вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ин ҳодиса  шаби гузашта соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Дар хабар омада, ки ронандаи Опел Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи нигаҳдории мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки канори роҳ меистод, бархурдааст.

Як нафари дигаре, ки ба ҳалокат расид, сокини 35-солаи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Истаравшан Ваҳҳобов Исроилҷон будааст.

Гуфтанист, ки Ваҳҳобзода Содиқҷон 12 декабри соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод ва раиси суди шаҳри Истаравшан таъин шуда буд.

барчасп: