Ахбори рӯз

Омодагӣ ба зимистон дар вилояти Суғд

Дар маҷлисгоҳи бахши муҳити зистии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ҳузури Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода, аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, мудирони шўъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони соҳаи молия, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи

Вазъи ҳавои кишвар дар рӯзи ҷумъа, 15-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии кишвар дар охирин иттилои худ ҳавои кишварро дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ кардааст. Рӯзи 15-уми ноябр танҳо дар баъзе ноҳияҳо борон ва гоҳе шабона барфи тар (дар шаҳри Хоруғ) меборад. Туман низ гоҳ-гоҳе дар баъзе манотиқ меояд ва дар умум ҳаво бебориш, вале гоҳ абриву гоҳ офтобист.

15-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд,

Вазъи ҳавои кишвар дар рӯзи панҷшанбе, 14-уми ноябр

Маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳавои рӯзи 14 ноябр тақрибан бебориш аст (ба истиснои баъзе ноҳияҳо), аммо дар аксар минтақаҳои кишвар аз фуруд омадани тум ани тунук хабар дода мешавад.  Ҳарорат мисли рӯзи 13-ум аст. Бод ҳам тақрибан суръати вазиши худро тағйир намедиҳад. 14-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд,

Мулоқоти судманд бо намояндагони Кумитаи дин

12 ноябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мавзуъи суҳбат татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва “Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” буд.

Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 13-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои рӯзи 13 ноябрро аслан офтобӣ гуфтааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат мисли рӯзи 12-ум аст. Ба фарқ аз имрӯз рӯзи 13-ум бод суръати худро коҳиш медиҳад, ки инро дар зер хоҳед хонд. 

13-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад.

Страницы