Ахбори рӯз

Моро дар “Дугонаҳо” бинед

Бонувон-кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори иҷрои вазифаҳои хидматии худ, аз ҷумлаи фаъолон дар корҳои ҷамъиятӣ, модарони меҳрубон ва соҳибхонаҳои дӯстдоштаанд. Исботи ин шикати басо фаъолонаи онҳо дар барномаи телевизионии “Дугонаҳо” буд, ки дар он на танҳо маҳорати касбии худ, балки фарҳанги рӯзгордории хешро низ ба намоиш гузоштанд.

Иштироки тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мусобиқоти варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиа

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мусобиқоти ҳарбӣ-варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ин мусобиқаҳо бахшида ба 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки дар он тимҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ширкат меварзанд.  Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши мини-футбол, шатранҷ ва тирпароонӣ мегузаранд.

Хаймаҳои қолабӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 феврали соли 2019 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили 17 маҷмуъаи хаймаҳои қолабӣ баргузор шуд. Дар ин маросим Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сарвари Раёсати  Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани ва роҳбарони як қатор созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.

ФАВРӢ: Вазъи роҳҳои кишвар имрӯз – 14 феврали соли 2019

Ронандаи мошин борбардоре, ки роҳҳоро аз тарма пок мекард, зери тарма монд ва ба ҳалокат расид. Барфи шадид ҳаракати мошинҳо дар Душанбе -Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ҳамчунин дар ағбаи Қизил-Артро ба мушкил рӯбарӯ кард. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои Варзоб-Айнӣ ва Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз муваққатан баста шуданд. Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар 16-уми

То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад

Бар асари боришоти пайвастаи барфу борон дар ду рӯзи охир ва лағзиши тармаву резиши санг қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд. Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми феврали соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.

Страницы