Ахбори рӯз

СОЛИ НАВУ ИҚБОЛИ НАВ!

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони иззатманд! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2019 самимона муборакбод мекунад! Бигзор ин сол соле бошад, ки Шумо дар амнияти комил ҳаёт ба сар баред. Саломатӣ, хушиҳои зиндагӣ ва беҳбудиҳо ҳамқадаму ҳамроҳи Шумо ва наздикони Шумо бошанд! Бигзор рӯйдодҳои хотирмони имсол умре дар хотири Шумо нақш банданд ва мову шумо бо дидгоҳҳои тозаву нақшаҳои нави корӣ пой ба остонаи соли Нав ниҳем!

Бинои нави Ситод дар қисми ҳарбии КҲФ ба истифода дода шуд

Дар остонаи Соли Нав қисми ҳарбии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бинои нави Ситод шуд. Ин бино бо навтарин техника муҷаҳҳазонида шудааст. Бо мақсади фаъол гардонидани чораҳо оид ба таҳкими моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 31 декабри соли 2018 бинои нави дуошёнаи Ситод ба истифода дода шуд. 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст масъала “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи

Дастоварди варзишкорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Мужади солинавӣ аз шаҳри Хоруғ: тими ширкаткунандаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мусобиқоти варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми вазири корҳои дохилӣ” оид ба волейбол ва тениси рӯи миз соҳиби ҷойи дуюм шуд. Бо мақсади таблиғи тарзи зиндагии солим, боло бурдани

“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” тасдиқ гардид

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз, 28 декабр баргузор шуд, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”-ро тасдиқ намуд. Стратегияи мазкур қадами дигарест дар таҳкими зарфиятҳои талошҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Страницы