Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар КҲФ

Бо мақсади татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва мутобиқ ба нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия мулоқоти ҳайати шахсӣ бо сарнозири Агентии давлатии назорати молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Розиқзода баргузор шуд.

Розиқзода Х. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020”-ро шарҳ дод ва мисолҳои фаровону рушане аз ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ овард ва дар бораи мавқеъи ташаккулёфтаи зиддикоррупсионӣ ҳарф зад.  

Дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин маҳдудиятҳои қабули туҳфа, ҷазо барои додан ва қабул кардани пора, миёнаравӣ дар ришваситонӣ, аз кор озод кардани корманд аз сабаби аз боварӣ баромадан, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби тафтиши маълумотҳое, ки шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои зертобеъ медиҳанд ва ғайра барарсӣ шуданд.

Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: