Ахбори рӯз

Эълони ҷойи кор дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон барои довталабон ба вазифаҳои холӣ дар Раёсат озмун эълон мекунад.

Талаботҳои тахассусӣ

1) - Таҳсилоти олӣ (педагогӣ) 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Заминларза дар ҳудуди мамлакат

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 сентябри соли 2024 соати 11:09 дақиқа дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 41 километр ҷанубу-шарқӣ аз  ноҳияи Рашт, 19 километр шимолу-ғарбӣ аз шаҳри Роғун ва аз шаҳри Душанбе 111 километр шарқӣ буда, қувваи заминларза дар марказаш 4-балл ва дар шаҳри Роғун 3-баллро  ташкил додааст.

Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ сабаби интиқол 8 хонавода ба ҷойи амн шуд

31 августи соли 2024, соати 18:10 дар шохоби рости канали Баҳористон, ки аз канори заминҳои иловагии деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегузарад ва заминҳои кишти ноҳияи Хуросонро обёрӣ мекунад, садама рух дод. Дар натиҷаи хароб шудани қубур ва ба миқдори аз меъёр зиёд ҷорӣ шудани об ҳодисаи фурӯравии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ба қайд гирифта шуд.

Садамаи мудҳиш дар Федератсияи Русия сабаби марги 8 нафар шуд. Мошин мутааллиқ ба як шаҳрванди Тоҷикистон буд

Бино ба маълумоти пешакии Маркази навбатдори идораи ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия, 1 сентябри соли 2024 соати 11:00 (бо вақти Маскав) дар ҳудуди ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород дар километри 357-уми шоҳроҳи Самара-Маскав автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» таҳти идораи ронанда, шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дучори садама шуд.

Вохуриҳо бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандони Кумита бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, Раёсатҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт, сохтмон, истифодабарии бино ва ишоотҳо, масъалаҳои кӯли Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ ва Хадамоти зидди жола, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар асоси Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби сардори Раёсати қӯшунҳо подполковник Давлатзода С., муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо

Страницы